Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 2 млрд. сомонӣ расид
Душанбе, 7 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Тибқи маълумоти фаврӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳҳои январ-марти соли 2012 1 млрд. 956,7 млн. сомониро ташкил дода, суръати афзоиш дар миқёси ҷумҳурӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2011, ба 114,6% баробар шуд, ки ин нисбат ба моҳҳои январ-марти соли 2011 ба маблағи 249,5 млн. сомонӣ зиёд аст.Афзоиш аз ҳисоби корхонаҳои системаи Вазорати энергетика ва саноат (91,1 млн. сомонӣ), корхонаҳои пахтатозакунӣ (173,3 млн. сомонӣ) ва бахши хусусӣ (31,8 млн. сомонӣ) таъмин гардидааст.Дар ҳамин давра корхонаҳое, ки тобеияти идоравӣ надоранд, ба маблағи 63,3 млн. сомонӣ ва КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» ба маблағи 27,5 млн. сомонӣ ҳаҷми маҳсулоти саноатиро кам карданд. Тибқи маълумоти фаврӣ корхонаҳои системаи Вазорати энергетика ва саноат дар моҳҳои январ-марти соли 2012 ба маблағи 700,6 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуда, суръати афзоишро ба 115 % расонданд. Аз рӯи нишондиҳандаҳои фаврӣ, дар моҳҳои январ-марти соли 2012 афзоиши ҳаҷми истеҳсол дар тамоми раёсатҳои соҳавӣ таъмин гардида, дар соҳаи электроэнергетика 100,4%, дар соҳаҳои мошинсозӣ 141,9%, маводи сохтмон 143,3%, саноати сабук 164,5%, саноати хӯрокворӣ 133,6%, маъдани кӯҳӣ 128,2%, ангишт 130,8% ва истихроҷи нафту газ 109,8% -ро ташкил дод.Дар саноати истихроҷ дар моҳҳои январ-марти соли 2012 ба маблағи 184,5 млн. сомонӣ (9,4%-и маҳсулоти саноатии ҷумҳурӣ) ва дар саноати коркард ба маблағи 1285,7 млн. сомонӣ (65,7%) маҳсулот истеҳсол гардидааст. Боқимонда 486,5 млн. сомонӣ (24,9%) ба истеҳсолу тақсими қувваи барқ, газ ва об рост меояд.Аз соҳаҳои асосии саноати коркард, суръати аз ҳама баланди афзоиш дар истеҳсоли чарму маҳсулоти чармӣ (161,5%), нассоҷӣ (184,8%), истеҳсолоти дӯзандагӣ (175,6%), истеҳсоли маҳсулоти резинию пластмассагӣ (154,9%) ва саноати табъу нашр (178,3%) таъмин гардидааст.Корхонаҳои соҳаи хӯроквории системаи вазорат дар моҳҳои январ-марти соли 2012 нисбат ба январ-марти соли 2011 суръати афзоишро ба 133,6%, аз ҷумла КВД «Хӯрокворӣ» 144,1%, КВД «Ғалла» ба 132,1% ва КВД «Гӯшту шир» ба 100,7% расониданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






