Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон
Душанбе, 3 апрел. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).- 2 апрели соли 2012 дар толори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маросими ифтитоҳи фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» барпо гардид. Фестивал ҳамасола тибқи нақшаи чорабиниҳои «Барномаи рушди фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2008-2015» баргузор мегардад. Дар он ҷонишини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Фароғат Азизӣ ва адибони тоҷик суханронӣ намуданд. Сипас композитсияи адабию мусиқӣ бахшида ба 100 солагии шоири тоҷик Мирсаид Миршакар таҳти унвони «Ҳимматбаланде аз ошёни баланд» пешкаши ҳозирин гардид. Фестивал то рӯзи 9 апрел дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ идома меёбад. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанг хабар доданд.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






