Ҳисоботи телефонии раисони шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ

Апрель 16, 2012 08:42

Душанбе, 16 апрел. (АМИТ «Ховар»). — 14 апрел ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон раисони шаҳру ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ҳисор, Ваҳдат, Файзобод ва Турсунзода телефонӣ ҳисобот доданд. Таваҷҷӯҳи асосӣ ба нишондодҳои рушди иқтисодӣ, аз ҷумла иҷрои буҷети давлатӣ дар семоҳаи аввали соли равон, рафти киштукори баҳорӣ, тақвият додани корҳои созандагию бунёдкорӣ ва фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, муҳайёсозии ҷойҳои нави корӣ ва ҳамчунин ҳифзи мардум аз хатари обхезӣ ва дигар офатҳои табиӣ зоҳир карда шуд. Таъкид гардид, ки бо истифода аз рӯзҳои офтобӣ бояд қафомонӣ аз нақшаи киштукори баҳорӣ, ки бар асари тӯл кашидани мавсими имсолаи сардмо ба миён омадааст, бартараф карда шавад. Барои таъмини ситодҳои аксуламал ба офатҳои табиӣ бо техникаю маводи зарурӣ ва дар ҳолати омодабош қарор додани онҳо супоришҳои мушаххас дода шуд. Дастуру ҳидоятҳои мушаххас, ҳамчунин доир ба шаборӯзӣ ба роҳ мондани фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, бунёди корхонаҳои нав, муҳайёсозии ҷойҳои нави корӣ ва ободонию кабудизоркунии муҳити зист дода шуд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ доданд.

Апрель 16, 2012 08:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад