Ҳисоботи телефонии як қатор раисони шаҳру ноҳияҳо ба Сарвари давлат
Душанбе, 7 апрел. (АМИТ «Ховар»). — Дирӯз ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон раисони шаҳру ноҳияҳои Мастчоҳ, Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Спитамен, Ғончӣ, Зафаробод, Истаравшан, Шаҳристон ва Панҷакент телефонӣ ҳисобот доданд. Таваҷҷӯҳи асосӣ ба тезонидани киштукори баҳорӣ, васеъ намудани майдони боғу токзор ва омодагӣ ба пешгирӣ аз офатҳои табиӣ зоҳир гардид. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони шаҳру ноҳияҳои мазкур доир ба расонидани кӯмак ба деҳқонону боғпарварон, аз ҷумла, таъмини онҳо бо техникаи кишоварзӣ, тухмиҳои хушсифат ва нӯриҳои минералӣ супоришҳои мушаххас дода, таъкид намуд, ки барои пурсамар истифода бурдани ҳар ваҷаб замини корам тадбирҳои саривақтӣ андешанд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки кори ситодҳои доимамалкунандаи ҳолатҳои фавқулодда таҳти назорати ҳамешагӣ қарор дошта бошанд, то ки дар ҳолатҳои зарурӣ ба бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ фавран сафарбар шаванд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ доданд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






