Андозаи замини ҷумҳурӣ муайян шуд
Душанбе, 16 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар асоси ҳисоботи солонаи кумитаҳои заминсозӣ андозаи замини ҶТ муайян шуда, бо пешниҳоди Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ Ҳукумати ҶТ онро аз 1-уми марти соли ҷорӣ тасдиқ намуд,-иброз дошт раиси Кумитаи мазкур Маҳмадтоир Зокиров ба мухбири АМИТ «Ховар».Ба гуфти М.Зокиров, масоҳати умумии тамоми замини марзию маъмурии ҶТ 14 млн. 255 ҳазору 397 гектарро ташкил дод. Мутобиқи моддаи 3-и Кодекси замини ҶТ, замин аз рӯи истифодабариаш ба 7 гурӯҳ тақсим шудааст: Замини таъиноти кишоварзӣ дар масоҳати 6 млн. 987 ҳазору 661 гектар, замини маҳалҳои аҳолинишин ба андозаи 180 ҳазору 803 гектар, замини саноат, нақлиёт, алоқа ва таъиноти дигар ба миқдори 180 ҳазору 962 гектар, замини таъиноти ҳифзи табиат, солимгардонӣ, рекреатсионӣ, таърихию маданӣ дар ҳудуди 2 млн. 685 ҳазору 486 гектар, замини фонди давлатии ҷангал, ки дар истифодаи доимии корхонаҳои Иттиҳодияи истеҳсолии хоҷагии ҷангали ҶТ ба андозаи 1 млн. 194 ҳазору 95 гектар қарор дорад, замини фонди давлатии об ба миқдори 39 ҳазору 667 гектар ва замини захираи давлатӣ, ки дар масоҳати 3 млн. 18 ҳазору 197 гектар дар семоҳаи якуми соли 2012 баҳисоб гирифта шудааст.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






