Барқияи шодбошии Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳи Малайзия
Душанбе, 6 апрел. (АМИТ «Ховар»). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба уновни Шоҳи Малайзия Алмуътасим Биллоҳи Мухиббудин Туанку Алҳоҷ Абдул Ҳалим Муаззам Шоҳ ибни Алмарҳум Султон Бадлишоҳи XIY барқияи шодбошӣ ирсол кард, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: «Аълоҳазрат, Бо камоли мамнуният Шуморо ба муносибати фарорасии бистсолагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Малайзия табрику таҳният мегӯям. Кишварҳои мо барои тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои судманди худ имрӯз имкониятҳои хело ҳам зиёд доранд ва истифодаи ҳарчи пурраи онҳо ба нафъи манфиатҳои халқҳои ба ҳам дӯсти Тоҷикистону Малайзия хоҳад буд. Мо ба ояндаи дурахшони муносибатҳои бисёрҷанбаи байни кишварҳоямон итминон дорем ва ҳамеша омодаем, ки дар ҳамаи сатҳҳо баҳри рушди минбаъдаи онҳо саъйю талошҳои зарурӣ намоем. Бо истифода аз фурсат ба Аълоҳазрат сиҳатии комилу пирӯзиҳои навин ва ба мардуми дӯсти Малайзия — саодату хушрӯзӣ ва пешрафту шукуфоӣ хоҳонам».Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ доданд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






