Барқияи шодбошии Эмомалӣ Раҳмон унвонии Президенти Украина

Апрель 24, 2012 10:22

Душанбе, 24 апрел. (АМИТ «Ховар»). – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон унвонии Президенти Украина Виктор Янукович барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, чунин гуфта мешавад:«Мӯҳтарам Виктор Фёдорович,Бистумин солгарди барқароршавии муносибатҳои дипломатии миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Украина ба ман имконияти гуворо медиҳад, ки табрикоти самимонатарин ва орзуҳои беҳтаринамро ба Шумо ирсол дорам.Кишварҳои мо тайи бист соли гузашта майлу маромашонро дар амри байни худ роҳандозӣ ва дастгирӣ намудани муносибатҳои дӯстии самимона ва ҳамкории мутақобилан муфид амалан тасдиқ намуданд.Хурсандибахш аст, ки имрӯз муносибатҳои байни Тоҷикистону Украина бо ҳамаҷонибагии худ фарқ намуда ва бисёр соҳаҳои ҳамкориро фаро мегиранд, ки дар онҳо манфиатҳояшон мушобеҳи якдигаранд. Ин муносибатҳо, ки таҳкими минбаъдаи робитаҳои зичи сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва робитаҳои дигари байнидавлатиро дар назар доранд, ба воқеияти замон мувофиқ буда, ҷавобгӯи саъю кӯшишҳои мо дар амри таъмини рушди бемайлони некӯаҳволии халқҳоямон ва ояндаи шоистаи онҳо мебошанд. Мехоҳам аз рушди имрӯзаи босуръати мушорикати Тоҷикистону Украина изҳори қаноатмандӣ намуда, ба Шумо итминон диҳам, ки мо омодаем, барои муваффақона пеш бурдани он ба нафъи халқоямон минбаъд ҳам ҳамаи саъю кӯшиши заруриро роҳандозӣ намоем. Ба Шумо, мӯҳтарам Виктор Фёдорович, аз самими қалб тансиҳатии нек, беҳбудӣ ва муваффақиятҳои бешумор ва ба халқи дӯсти Украина пешрафту шукуфоии минбаъдаро хоҳонам».Дар ин бора дар дафтари матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Апрель 24, 2012 10:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати назди Муассисаи таълимии ноҳияи Спитамен расонида шуданд
Ба тарбиятгирандагони Хонаи кӯдакон ва Мактаб-интернати шаҳри Исфара туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Дар пленуми Суди Олӣ масъалаи баланд бардоштани сифати баррасии парвандаҳо ва таҳкими қонуният баррасӣ гардид
МегаФон Тоҷикистон натиҷаҳои «техникии» соли 2025-ро ҷамъбаст намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Хуҷанд намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал баргузор шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст

Маводҳои таҳлилӣ