Барқияи шодбошии Виктор Янукович унвонии Президенти Тоҷикистон
Душанбе, 24 апрел. (АМИТ «Ховар»). – Президенти Украина Виктор Янукович унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, чунин омадааст:«Мӯҳтарам Эмомалӣ Шарифович !Ба муносибати 20 – умин солгарди барқароршавии муносибатҳои дипломатии байни Украина ва Ҷумҳурии Тоҷикистон табрикоти самимонаро аз номи халқи Украина ва шахсан аз ман қабул фармоед.Давлатҳои мо дар давраи гузашта барои рушду густариши ҳамаҷонибаи ҳамкории мутақобилан муфиди дуҷониба кори зиёдеро ба ҷо оварда, ба сатҳи баланди ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баромаданд.Аҳду паймоне, ки мо дар ҷараёни ташрифи расмии Шумо ба Украина карда будем, бешубҳа, саҳми бузурге ба рушди пайгиронаи робитаҳои дӯстонаи анъанавии байни мамлакатҳоямон гардид.Аминам, ки татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар бахшҳои ҷавобгӯи манфиати якдигар ба рушди минбаъдаи иқтисодиёти миллӣ ба нафъи халқҳои Украинаю Тоҷикистон ва таҳкими мавқеъҳои давлатҳоямон дар арсаи ҷаҳон мусоидат мекунад. Ба Шумо, Эмомалӣ Шарифович, тансиҳатии бардавом, саодат ва дар фаъолияти масъулиятноки давлатиатон комёбиҳо ва ба халқи дӯсти тоҷик сулҳ, беҳбудӣ ва шукуфоиро таманно дорам».Дар ин бора дар дафтари матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






