Беҳдошти соҳаи таълим
Душанбе, 27 апрел.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои директори мактаби миёнаи таҳсилоти умумии рақами 34-и деҳаи Қарадуми ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон Саидмуҳаммад Саидов, таъмири асосии мактаби мазкур дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Ташаббуси коҳиши камбизоатӣ дар Тоҷикистон ва Афғонистон» аз ҷониби Барномаи рушди ҷомеаи СММ бо кӯмаки молиявии Ҳукумати Ҷопон ба анҷом расонида шуд.Ба иттилои манбаъ, бинои мактаби мазкур солҳои 80-уми асри гузашта ҳамчун Маркази беҳдошт сохта ба истифода дода шуда буд. Баъди солҳои 1993-94 ҳамчун бинои маъмурии совхоз истифода гардида то давраи таъмир дар ҳолати хеле хароб қарор дошт.Бо зиёд шудани шумораи муҳоҷирони дохилӣ ин бино ҳамчун таълимгоҳи таҳсилоти асосӣ (то синфи 9) ва аз соли 2007 ба мактаби миёнаи таҳсилоти умумӣ табдил дода шуд. Ҳоло дар ин мактаб 260 нафар хонанда ба таълим фаро гирифта шудаанд, ки 13 нафар омӯзгор ба хонандагон аз фанҳои гуногун дарс мегӯянд ва заминагузор дар соҳаи беҳдошти таълим барои рушди ҷомеаи маҳал мебошанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






