Боз як раиси қаллоб дастгир шуд

Апрель 6, 2012 11:15

Душанбе, 6 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд, раиси хоҷагии деҳқонии «Фирдавс»-и ҷамоати деҳоти Навгилеми ноҳияи Исфара Абдурашид Ашӯрбоев бо истифода аз ваколатҳои мансабӣ дар гирифтани ришва барои ҷудо намудани қитъаи замин ҳамчун гумонбар дастгир шуд. А. Ашӯрбоев бо роҳи фиреб аз сокини ҷамоати мазкур, ки номаш барои халалдор нашудани кори тафтишот ба таври мустаор (З.И) оварда шудааст, барои ҷудо намудани қитъаи замин 2 ҳазору 900 сомонӣ ва 30 ҳазор рубли русӣ пора гирифтааст.Прокуратураи шаҳри Исфара нисбат ба амали А. Ашӯрбоев мутобиқи моддаи 247 қ.2-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ кушода, тафтиш мебарад. Боиси тазаккур аст, ки дар ин минтақаи ҷумҳурӣ ҷиноятҳои қаллобӣ дар як соли охир се баробар боло рафтааст. Агар дар соли 2010 ҳамагӣ 45 далели қаллобӣ дар вилоят ба қайд гирифта шуда бошад, дар соли 2011 ва се моҳи аввали соли 2012 бо 108 далел ҷинояткорон ба ҳабс гирифта шудаанд.

Апрель 6, 2012 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд