Дурнамои ҳамкориҳои Хадамоти муҳоҷират бо Давлати Қатар

Апрель 24, 2012 14:51

Душанбе, 24 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Тибқи иттилои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон дар таърихи 26-27-уми апрели соли равон, ҳайати баландпояи Давлати Қатар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баррасии лоиҳаи «Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар доир ба ҷалби муташаккилона ва истифодаи муҳоҷирони меҳнатӣ» ташриф меорад.Зимни сафар лоиҳаи «Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳукумати Давлати Қатар доир ба ҷалби муташаккилона ва истифодаи муҳоҷирони меҳнатӣ», ки Хадамоти муҳоҷират онро таҳия намудааст, мавриди баррасӣ ва мувофиқаи тарафҳо қарор хоҳад гирифт.Инчунин дар ҷараёни сафар дар назар аст, ки аъзои ҳайат аз маконҳои таърихӣ ва дастовардҳои фарҳангии Тоҷикистон дидан намоянд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуотиХадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Тоҷикистон хабар доданд.

Апрель 24, 2012 14:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад