Душанбе шаҳри амну рафоқат
Душанбе, 16 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон –шаҳри Душанбе аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ дар бахши «Шаҳрҳои амну рафоқат барои ҳамагон» интихоб гардид. Он ҳамчун макони татбиқи иқдомоти глобалии СММ дар бахши «Шаҳрҳои амну рафоқат барои ҳамагон» оид ба Барномаи тавсеаи ҳуқуқ ва имкониятҳои занону кӯдакон дар партави рушди устувори шаҳрҳо аз сӯи СММ пазируфта шудааст. Душанбе дорандаи Ҷоизаи «Шаҳри Сулҳ»-и ЮНЕСКО аз рӯи ҷавобгӯ будан ба талаботи амалакунандаи интихоби ниҳодҳои СММ- вуҷуди ӯҳдадории баланд аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ, шаҳрдор ва ниҳоди намояндагии маҳаллӣ, зарфиятҳои ҳамкорӣ ва таваҷҷӯҳи хоса дар шаффофияти фаъолият ва таҷрибаҳои муваффақонаи се ниҳоди СММ- ЮНИФЕМ, ЮНИСЕФ ва ХАБИТАТ шоиста дониста шудааст. Назар ба иттилои Шавкат Саидов, котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе дар радифи Душанбе инчунин шаҳрҳои Бейрути Калон (Лубнон), Метро Манила (Филиппин), Марокаш , Найроби (Кения), Рио-де Жанейро (Барзалия), Сан-Хосе (Коста-Рика), Тегусигалпа (Гондурас) ба сифати маконҳои татбиқи Иқдомоти Глобалии мазкури СММ интихоб шудаанд. Роҳандозии Барномаи мазкур дар марҳилаи аввал -таи ду соли оянда расидан ба ҳадафҳои беҳсозии омори хушунат нисбати кӯдакон, ҷавонон ва занон, огоҳӣ ва баланд бардоштани ӯҳдадориҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ дар мавриди ҳимояи ҳуқуқ ва имкониятҳои занону кӯдакон ва ҷавонон, афзоиши захираву нерӯҳои сафарбаршаванда барои ҳимояи занону кӯдакон дар ноҳияҳои гирифтор ба мушкилиро дар назар дорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






