Гӯштии тарзи озод ва фарангӣ: мубориза барои роҳхати олимпӣ
Душанбе, 19 апрел. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Дар шаҳри Тайюани Чин аз 25-ум то 29 апрели соли равон мусобиқаи навбатии гӯштигирони тарзи озод ва фарангӣ барои ноил шудан ба роҳхати олимпӣ баргузор мешавад. Нӯҳ нафар паҳлавони тоҷикистонӣ: Вайсиддин Ибодов (55 кг). Фарҳоди Усмонзода (60) Сомиршо Воҳидов(66 ), Манучеҳр Маллаев(74), Салим Хоҷаев(84), Фарҳод Анақулов(120) аз гӯштии тарзи озод ва Манучеҳр Алаев(84), Ҳабибулло Абдуллоев(96 ) ва Муродҷон Тӯйчиев(120) аз гӯштии фарангӣ(юнону румӣ) дар он ширкат меварзанд. Марҳилаи дуввуми рақобат барои роҳхатҳои олимпӣ аз 2-юм то 6 май дар Вантааи Финландия доир хоҳад шуд. Ёдрас мешавем, ки Искандари Рустам алҳол ягона паҳлавонест, ки барои кишвари мо як роҳхати олимпиро дар гӯштии тарзи озод ба даст овардааст.(81 кг).








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






