Гузориши телефонии раисони як қатор шаҳру ноҳияҳо ба Сарвари давлат

Апрель 5, 2012 09:01

Душанбе, 5 апрел. (АМИТ «Ховар»). — Дирӯз ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон раисони шаҳру ноҳияҳои Фархор, Данғара, Ёвон, Бохтар, Вахш, Хуросон, Ҷалолиддини Румӣ, Қумсангир,Ҷиликул, Панҷ, Қубодиён, Шаҳритус, Носири Хусрав, Абдурраҳмони Ҷомӣ ва Сарбанд доир ба рафти киштукори баҳорӣ, бунёди боғҳо, ҷамъбасти семоҳаи аввали соли равон ва корҳои ободонию созандагӣ телефонӣ гузориш доданд.Зимни суҳбати телефонӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо доир ба тезондани суръати киштукори баҳорӣ, аз ҷумла кишти пахта ва сабзавот, бунёди боғу токзори нав ва барқарорсозии боғоти кӯҳна, таъмини кори бемонеаи пойгоҳҳои барқии обкашӣ ва шабакаҳои обрасонӣ, хуб ба роҳ мондани маъракаи наслгирӣ аз чорво ва вусъати корҳои ободонию созандагӣ супоришҳои мушаххас дод.Дастуру ҳидоятҳо, ҳамчунин доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар семоҳаи аввали соли равон, иҷрои нақшаи даромад ба буҷетҳои маҳалливу ҷумҳуриявӣ, муҳайёсозии ҷойҳои нави корӣ ва омодагии ҷиддӣ ба зимистони оянда дода шуд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ доданд.

Апрель 5, 2012 09:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад