Иҷлосияи Шӯрои ҳамоҳангсозии давлатҳои аъзои СААД
Душанбе, 13 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон иҷлосияи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти салоҳиятдор оид ба мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовари давлатҳои аъзои Созмони аҳномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) баргузор гардид.Дар кори иҷлосия роҳбарони идораҳои назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Ӯзбекистон иштирок намуданд. Тавре аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар иҷлосия Тоҷикистонро муовини аввали директори Агентии назорати маводи нашъаовар Вайсиддин Азаматов намояндагӣ намуд.Дар ҳошияи иҷлосия аз рӯи проблемаҳои мубориза бо хавфу хатари маводи нашъаовар, ки аз қаламрави Афғонистон сар мезанад, мубодилаи афкор сурат гирифт.Мувофиқи тартиби кори Шӯрои ҳамгироӣ қарор дода шуд, ки иҷлосияи навбатии он дар семоҳаи чоруми соли 2012 доир карда шавад.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






