Иҷлосияи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ
Душанбе, 4 апрел. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – 6 апрел дар шаҳри Остонаи Қазоқистон иҷлосияи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ баргузор гардида, дар он масъалаҳои фаъолияти ҷории ИДМ, сиёсати байналмилалӣ ва рушди ҳамкорӣ дар арсаи ҷаҳон мавриди баррасӣ қарор мегиранд.Дар иҷлосия маълумот перомуни ҷараёни иҷрои нақшаи машваратҳои намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ дар соли 2011 шунида, ҳамчунин дурнамои фаъолият барои соли 2012 тасдиқ мегардад.Ҳамчунин як қатор мулоқоти дуҷонибаи вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Ержан Қозихонов бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои ИДМ сурат мегирад.Дар кори иҷлосия намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷии 11 давлати аъзои ИДМ, ҳамчунин Муншии иҷроияи ИДМ С. Лебедев иштирок менамоянд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






