Иҷрои буҷа дар татбиқи барномаи давлатӣ

Апрель 6, 2012 16:42

Душанбе, 6 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар назар аст, ки дар давоми солҳои 2012-2013 тавассути татбиқи барномаҳои аз ҷониби ҳукумати мамлакат таҳияшуда дар кишвар беш аз 60 ҳазор нафар ҷавон бо намудҳои гуногуни шуғл фаро гирифта мешаванд. Ин матлаб зимни муҳокимаи парлумонӣ, ки 6 апрел дар палатаи поёнии парлумони мамлакат баргузор шуд, ироа гардид. Дар муҳокимаи парлумонӣ, ки бо ташаббуси кумитаи Маҷлиси намояндагон доир ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳои марбута гузаронида шуд, масъалаи «Иҷрои Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2010 – 2011 вобаста ба татбиқи Барномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» барои солҳои 2010 — 2012» баррасӣ гардид.Мирганд Шаҳбозов, муовини раиси Маҷлиси намояндагон зикр кард, ки яке аз тадбирҳои муҳими ин бахш қабул ва татбиқи барномаи давлатии «Ҷавонони Тоҷикистон» барои солҳои 2010-2012 аст. Ин барнома самтҳои муҳими сиёсати давлатии ҷавонон, аз қабили ташаккули фарҳанги маънавию сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии ҷавонон, ташаббуси ҷавонон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонон, шуғл, мустақилияти иқтисодии ҷавонон ва рушди соҳибкорӣ дар байни онҳо, таҳсил, такмили ихтисос, тайёр намудани кадрҳо ва дастгирии ҷавонони лаёқатмандро дар бар мегирад. Марҳабо Ҷабборова, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон доир ба самтҳои афзалиятноки татбиқи барномаи давлатии «Ҷавонони Тоҷикистон» барои солҳои 2010-2012» ибрози назар карда, онро як бахши ҷудонопазири сиёсати иҷтимоии кишвар арзёбӣ карданд. Ҳамзамон раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҷумҳурӣ Маликшо Неъматов ва муовини вазири молияи ҷумҳурӣ Шавкат Соибов «Дар бораи иҷрои Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2010 – 2011 вобаста ба татбиқи Барномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» барои солҳои 2010 — 2012» ибрози назар карданд.

Апрель 6, 2012 16:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад