Имзои созишнома
Душанбе, 4 апрел. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – 3 апрел мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ва Сафири Ҷумҳурии Австрия дар ҶТ Урсула Фарингер бинобар анҷом ёфтани фаъолияташ дар Тоҷикистон баргузор гардид.Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот перомуни вазъи ҳамкории дуҷониба ва дурнамои рушду густариши минбаъдаи он табодули афкор намуданд.Ҳамрохон Зарифӣ ва Урсула Фарингер мубодилаи тасдиқномаҳои Шарномаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Австрия оид ба ҷилавгирии андозбандии дукарата ва пешгирии саркашӣ аз андозбандӣ дар мавриди андозҳои даромад ва сармоя намуданд, ки он 7 июни соли 2011 дар шаҳри Вена имзо шуда буд. Ҷонибҳо ҳамчунин Протокол дар бораи табодули тасдиқномаҳоро имзо карданд.Созишнома 1 июли соли 2012 эътибор пайдо мекунад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ хабар доданд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






