Имзои Созишнома байни Ҳукумат ва Иттиҳодияҳои корфармоён

Апрель 14, 2012 14:56

Душанбе, 14 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Имрӯз байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Созишномаи генаралӣ барои солҳои 2012-2014 ба имзо расид.Дар маросими имзои созишнома аъзои Комиссияи сеҷонибаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки шумораи баробари намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттиҳодияҳои корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистонро дар бар мегирад, иштирок намуданд. Лоиҳаи созишномаи генералӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул дониста шуда, онро аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов, аз ҷониби Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон роҳбарони онҳо Азизбек Шарипов ва Муродалӣ Солеҳов имзо гузоштанд. Созишнома бо мақсади таҳкими усулҳои шартномавии танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ, тавсеаи ҳамкории мувофиқашудаи давлат, мақомоти намояндагии кормандон ва корфармоён дар робита ба таъмини ҳуқуқу кафолатҳои меҳнатию иҷтимоии кормандон ва дар маҷмӯъ суботи иҷтимоӣ дар давраи миёнамӯҳлат омода шудааст.

Апрель 14, 2012 14:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад