Иштироки аҳолӣ дар сохтмони манзили истиқоматӣ
Душанбе, 27 апрел.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти ҶТ, дар моҳҳои январ-марти соли ҷорӣ барои инкишофи соҳаи иҷтимоӣ 306,1 млн.сомонӣ равона карда шудааст, ки 48,3 фоизи ҳаҷми умумии сармоягузории ҷумҳуриро ташкил медиҳад. Ба иттилои манбаъ, дар ин давра дар масоҳати умумии 80,3 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ сохта ба истифода дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 93,6 фоизро ташкил медиҳад.Дар моҳҳои январ-марти соли 2012 дар вилояти Суғд 21,2 ҳазор метрии мураббаъ ё 26,4 фоиз, дар вилояти Хатлон — 49,2 ҳазор метри мураббаъ ё 61,3 фоиз, дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ -1,1 ва дар шаҳр Душанбе 8,8 ҳазор метри мураббаъ ё 10,9 фоиз биноҳои истиқоматӣ сохта ба баҳрабардорӣ супурда шудаанд. Биноҳои истиқоматиро дар ҷумҳурӣ асосан бахши ғайридавлатӣ ва ҳиссаи бештари онҳоро аҳолӣ месозанд. Онҳо дар семоҳаи якуми соли 2012 ба андозаи 73 ҳазор метри мураббаъ ё 90,9 фоизи ҳаҷми умумии хонаҳои истиқоматиро сохтаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






