Истеҳсоли моеъҳои шӯянда дар ҷумҳурӣ
Душанбе, 17 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Такшӯ» ба маблағи 60 ҳазор доллари ИМА аз ҶИЭ хати технологии истеҳсоли моеъҳои шӯяндаро ворид ва дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе насб карда, ба истеҳсоли моеъҳои шӯянда шурӯъ намуд. Ашёи хомро корхона аз ҶИЭ ворид менамояд. Маҳсулоти истеҳсолии корхона — моеъи шӯяндаи тамғаи «Такшӯ» ва «Парӯ» мебошад. Корхона дар семоҳаи якуми соли 2012 ба истифода дода шудааст.Корхонаи дар бинои собиқ корхонаи консерваи шаҳри Ваҳдат ҷойгир аст. Муассисони он ба маблағи 35 ҳазор долари ИМА аз ҶИЭ таҷҳизот ворид ва насб карда, ба истеҳсоли маҳсулот шурӯъ намуданд. Маҳсулоти истеҳсолии корхонаҳо моеъи шӯяндаи тамғаи «Дарё» мебошад, ки он дар рӯзгор барои шустани зарфҳо, шишаи биноҳо ва мошинҳо истифода мешавад.Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати энергетика ва саноати ҶТ иттилоъ доданд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






