Конфронси байналмилалии таъмини амният дар фазои Аврупою Осиё
Душанбе, 6 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- «Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ омили наву муҳими таъмини амният ва субот дар фазои Аврупою Осиё» — чунин ном дорад конфронси илмию амалии байналмилалӣ, ки 12 апрели соли равон дар Маркази идораи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад.Конфронс дар доираи нақшаи чорабиниҳо доир ба 20-солагии имзои Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва 10 -солагии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) гузаронида мешавад.Конфронс дар формати видеои интерактивӣ дар заминаи Маркази миллии идораи ҳолатҳои фавқулоддаи Русия гузаронида мешавад.Барои иштирок дар конфронс намояндагони парлумон ва вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон, коршиносону сиёсатшиносон ва намояндагони васоитти ахбори умум даъват шудаанд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Шӯрои амнияти ҶТ хабар доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






