Коркарди меваю сабзавот — соҳаи афзалиятноки иқтисодиёти Суғд

Апрель 30, 2012 13:02

Душанбе, 30 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 27 апрели соли ҷорӣ марҳилаи дуюми ҷаласаи Шӯрои машваратии назди раиси вилояти Суғд доир ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид, ки дар он аъзои Шӯро ва теъдоди зиёди соҳибкорону меҳмонони дохиливу хориҷӣ иштирок намуданд.  Аз хадамоти матбуоти раиси вилоят ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҷаласаи Шӯрои машваратии беҳтар намудани фазои сармоягузориро бо сухани ифтитоҳӣ раиси вилоят Қоҳир Расулзода оғоз бахшида, изҳор дошт, ки соҳаи истеҳсол ва коркарди меваю сабзавот аз соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти вилоят буда, дар номгӯи маҳсулоти содиротии вилоят ҳиссаи маҳсулоти ин соҳа мавқеи арзанда дорад. Вале, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки солҳои охир соҳа ба мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ гардида, истеҳсол ва содироти маҳсулоти меваю сабзавот, бахусус консерва дар қаламрави вилоят коҳиш ёфтааст. Мувофиқи маълумоти оморӣ дар соли 2002 дар вилоят 125 млн. қуттии шартӣ маҳсулоти консервагӣ истеҳсол гардида, дар ин соҳа зиёда аз 6 ҳазор нафар коргар фаъолият доштанд. Ҳамзамон беш аз 50 намуди афшураю шарбат ва нӯшобаҳо истеҳсол гардида, барои фурӯш ба бозори дохилӣ ва берунӣ интиқол дода мешуд. Иқтидори иқтисодии саноати коркарди вилоятро 8 корхонаи азим ва 18 корхонаи хурду миёна бо имконияти коркарди 13 ҳазор тонна мева, 3 ҳазор тонна ангур, 21 ҳазор тонна помидор ва дар маҷмӯъ то 60 ҳазор тонна меваву сабзавот ташкил медиҳад. Мутаассифона, имрӯз иқтидори истеҳсолии ин корхонаҳо ба пуррагӣ истифода бурда намешавад, ки сабаби асосии он фарсудашавии техникии таҷҳизот, пеш аз ҳама дар корхонаҳои азими коркард буда, зарурати таҷҳизонидани дубораи онҳоро ба миён овардааст, ки ҳоло роҷеъ ба ҳалли ин мушкилот аз ҷониби масъулин тадбирҳо андешида мешавад.

Апрель 30, 2012 13:02

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад