Муҳокимаи ҳамкории Тоҷикистону Покистон
Душанбе, 27 апрел. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Дар шаҳри Исломобод мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Зубайдулло Зубайдов бо муовини вазири корҳои хориҷии Покистон Оламгир Бобур баргузор гардид. Дар ҷараёни мулоқот як қатор масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва минтақавӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Зикр гардид, ки сафари ҳайати олимақоми Покистон ба шаҳри Душанбе барои иштирок дар таҷлили Рӯзи байналмилалии Наврӯз ва Конфронси панҷуми ҳамкории иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон ба таҳкими минбаъдаи ҳамкории ҳар ду давлат ба манзури густариши сулҳу суботи Афғонистон, татбиқи лоиҳаҳои инфрасохтории минтақавӣ, ҳамчунин рушди ҳамкории дуҷониба дар бахшҳои мухталиф мусоидат менамояд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






