Мулоқоти сардори Хадамоти муҳоҷират бо раиси Анҷумани «Пайванд»

Апрель 3, 2012 13:14

Душанбе, 3 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Дирӯз дар Душанбе вохӯрии сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафиалло Девонаев бо раиси Кумитаи иҷроияи Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд» Салоҳиддин Исомуддинов доир гардид.Зимни мулоқот Сардори Хадамоти муҳоҷират иброз дошт, ки бо истифода аз таҷрибаи бархе аз кишварҳо дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, мо шоҳиди дастовардҳои рўзафзун ва бузург дар соҳаи технологияи пешрафта ва сохтмони иншооти муосир бо ҷалби сармояҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳамватанони бурунмарзии онҳо ҳастем.Аз ин рў, дар шароити кунунӣ моро зарур аст, ки ҳамкориро бо тамоми ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҷамъиятҳо, инчунин бо ҷамъияту созмонҳое,ки дар хориҷи кишвар машғули фаъолиятанд, дар якҷоягӣ бо Анҷумани «Пайванд» ба роҳ монем.Ин пешниҳод аз тарафи раиси Анҷумани «Пайванд» Салоҳиддин Исомуддинов пазируфта шуд ва ӯ иброз дошт: «Мо ҷонибдори ин иқдоми нек ва андешаи созанда мебошем». Раиси Анҷумани «Пайванд» Салоҳиддин Исомуддинов омодагии хешро ҷиҳати ҳамкории босамар байни Хадамоти муҳоҷират ва Анҷумани «Пайванд» иброз дошт. Қарор шуд, ки созишномаи ҳамкорӣ байни Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон дар моҳҳои оянда ба имзо расад.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Апрель 3, 2012 13:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!