Намоишгоҳи байналмиллалии саноатӣ ва тиҷоратии Тоҷикистон «Баҳор — 2012»
Душанбе,24 апрел.(АМИТ «Ховар»).- 24 апрели соли равон дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир ба намоишгоҳи байналмилалии саноат ва тиҷорати Тоҷикистон- «Баҳор — 2012» баргузор гардид. Дар он зикр гардид, ки намоишгоҳ мазкур бо дастгирии ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноат баргузор мешавад. «Мақсад аз баргузории намоишгоҳ ҷалби сармоягузорони хориҷӣ ба бозори ҷумҳурист», — иброз дошт зимни нишасти матбуотӣ муовини раиси палатаи савдою саноати ҷумҳурӣ Асаналӣ Карамалиев. Дар намоишгоҳ соҳибкорони зиёда аз 20 давлат иштирок намуда, молу маҳсулоти хеш, аз ҷумла молҳои сохтмонӣ, энергетика, маводи хӯрокворӣ, атриёт ва ороиширо пешкаши мизоҷон мегардонанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






