Намояндагии беҳтарини «Агроинвестбонк»
Душанбе, 19 апрел. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Дар шаҳри Душанбе аз рӯи натиҷаи озмун барои муайян намудани намояндагӣ ва мутахассиси беҳтарини Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Агроинвестбонк» баргузор гардид. Тавре аз маркази матбуоти «Агроинвестбонк» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, мақсади асосии озмун афзун намудани самараи фаъолияти намояндагиҳои бонк, беҳсозии нишондодҳои молиявию иқтисодии фаъолияти инвеститсионӣ, мустаҳкам намудани интизоми меҳнатӣ ва ривоҷи ташаббуси кормандони бонк мебошад.Мувофиқи суханони раиси «Агроинвестбонк» Фаррух Тағоймуродов, ҳамаи дастовардҳои молиявӣ дар соли 2011 натиҷаи меҳнати ҳалолу самарабахши ҳамаи аъзои бонк мебошад. Аз рӯи натиҷаи озмун ҷойи аввал дар байни намояндагиҳои «Агроинвестбонк» насиби намояндагии бонк дар шаҳри Конибодом гардид. Ҷойҳои дуюм ва сеюмро намояндагиҳои ноҳияҳои Фархору Ҳисор бо ҳам диданд.Ғолибони озмун бо ифтихорномаҳо ва мукофотҳои пулӣ қадр шуданд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






