Намояндагии «Тоҷиксодиротбонк» дар ноҳияи Ҳамадонӣ
Душанбе, 9 апрел. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – 8 апрел дар ноҳияи Ҳамадонӣ намояндагии нави «Тоҷиксодиротбонк» кушода шуд. Тавре аз «Тоҷиксодиротбонк» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, раиси ноҳияи Ҳамадонӣ Хоҷамурод Фазлиддинов дар маросими ифтитоҳи намояндагии бонк ба роҳбарияти он барои саҳми бузургаш ба рушди ин ноҳия изҳори миннатдорӣ намуд.Мувофиқи суханони манбаъ, бинои намояндагии нави бонк мутобиқ ба ҳамаи меъёрҳои бонкӣ бунёд гардида, бо техникаи муосир ҷиҳозонида шудааст.Ба туфайли роҳандозӣ шудани намояндагии «Тоҷиксодиротбонк» 35 нафар сокинони ноҳияи Ҳамадонӣ бо ҷойи нави кор таъмин шуданд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






