Номаи шодбошии Шоҳи Малайзия ба Эмамолӣ Раҳмон
Душанбе, 6 апрел. (АМИТ «Ховар»). Ҷаноби Олӣ! Ба муносибати воқеаи фархундаи 20 – солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатии байни Малайзия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба 20 марти соли 2012 рост меояд, Ража Пермайсури Агонг (Маликаи Малайзия) ба табрикоту орзуҳоям нисбат ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, нисбат ба ҳукумат ва халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳ мешавад.Мутмаинам, ки муносибатҳои дӯстонаи байни ду кишварҳоямон минбаъд ҳам мустаҳкам мегарданд.Орзуҳои беҳтарини моро, Ҷаноби Олӣ, дар мавриди тансиҳатӣ ва беҳбудии Шумо, ҳамчунин сулҳу шукуфоии ҳукумату халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул фармоед.Аълоҳазрат Алму тасиму Биллоҳи Муҳиббуддин Туапку Алҳаж Абдул Ҳалим Муаззам Шоҳ ибни Алмарҳум Султон Бадлишоҳи Х1У Шоҳи Малайзия.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






