Омӯзиши нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Душанбе, 27 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Имрӯз дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба омӯзиши Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии ҶТ бо иштироки роҳбарият ва мутахассисони соҳа ҷамъомад баргузор гардид. Ҳадафи ҷамъомади мутахассисони Кумита омӯзишу таҳлили ҳамаҷониба ва дарёфти роҳҳои самараноки татбиқи амалии бандҳои дахлдори «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ» буд. Иштирокчиёни чорабинӣ доир ба масъалаҳои мубраму ҳалталаби бахши андоз сухан гуфта, иброз доштанд, ки барои ҳарчи зудтар дар амал татбиқ намудани амру супоришҳои Роҳбари давлат бояд тадбирҳои мушаххас андешида шаванд. Таъкид шуд, ки ҷиҳати соддагардонии низоми андозбандӣ ва кам кардани шумораи андозҳо, эъломияҳо ва ҳисобҳои андоз барои мусоидат намудан ба рушди соҳибкорӣ чораҳои саривақтӣ роҳандозӣ мешаванд ва бо ин мақсад ҷиҳати такмили лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав таклифҳои иловагӣ таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд. Барои ҳалли масъалаҳои андозбандӣ гузаронидани чорабиниҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ миёни соҳибкорони ватанӣ дар назар дошта шудааст ва ин омил метавонад барои фароҳам овардани фазои боз ҳам мусоиди соҳибкорӣ, дарёфти сарчашмаҳои нави андозбандӣ, баланд бардоштани фарҳанги андозсупорандагон ва дониши ҳуқуқии соҳибкорон мусоидат намояд, зеро маҳз робитаи пайвастаи мақомоти андоз бо андозсупорандагон метавонад аз як тараф барои донистани қонунгузории андоз миёни соҳибкорон замина гузорад, аз сӯи дигар ҷиҳати софдилона фаъолият намудан ва дилгарм сохтани онҳо барои пардохти саривақтии андозҳо имконияти воқеӣ фароҳам орад. Нуктаи дигаре, ки таваҷҷӯҳи мутахассисони мақомоти андозро ба худ ҷалб намуд, ин маъмурикунонии андоз, зиёд кардани шумораи андозсупорандагон, сарфа намудани вақт ва хароҷоти соҳибкорон тавассути содда ва сабук намудани расмиёти андозсупорӣ, шумораи эъломияҳо аз рӯи андозҳо ва пардохтҳои алоҳида буд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад






