Омодагии ширкати ҷопонӣ ҷиҳати сармоягузорӣ ба Тоҷикистон

Апрель 20, 2012 10:48

Душанбе, 20 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Давлаталӣ Саидов бо намояндагони Ширкати ҷопонии Sumitomo Corporation, ки аз бузургтарин ва куҳантарин ширкати тиҷоратию сармоягузории дунё ба ҳисоб меравад, мулоқот намуд. Дар ҷараёни мулоқот Д. Саидов фазои сармоягузории Тоҷикистон, бартариву сабукиҳои барои сармоягузорон пешниҳодшаванда, инчунин имконияту иқтидорҳои сармоягузории мамлакатро барои сармоягузорон муаррифӣ намуд. Ҳамзамон тарафҳо соҳаҳои эҳтимолӣ ва судманди иқтисоди мамлакатро, аз қабили гидароэнергетика, истихроҷ ва коркарди захираҳои канданиҳои фоиданок, телекоммуникатсия мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷониби ҷопонӣ изҳор намуд, ки дар айни замон ширкат имконият ва бозори телекоммуникатсионӣ ва маъданҳои кӯҳии мамлакатро таҳлил ва арзёбӣ менамояд.

Апрель 20, 2012 10:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад