«Печутоби сарнавишт»-и Юсуфӣ
Душанбе, 27 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Бешубҳа аз маҷмӯа то маҷмӯаи нав сухани муаллиф, интихоби мавзӯъ ва доираи ҷаҳонбинии ӯ рӯй ба беҳбудӣ ниҳодааст». Чунин нигоштааст, Меҳмон Бахтӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар пешгуфтори китоби шоираи ҷавону умедбахш Мағфират Юсуфӣ, ки таҳти унвони «Печутоби сарнавишт» дар нашриёти «Шуҷоиён» ба табъ расидааст. Дар маҷмӯа шеъру ҳикояҳои Мағфират Юсуфӣ, ки бозтоби нияту орзу, меҳру садоқат ба ватан, ишқу муҳаббат ба зиндагӣ, ноҷуриҳои сарнавишт ва дигар эҳсосоту рангҳои зиндагист, гирдоварӣ шудаанд. Хонандагон имкон доранд аз ин китоб шеъру ҳикояҳои адибаи умедбахшро таҳти унвони «Ватандорӣ зи имон аст», «Маро бубахш, азизам», «Косаи сабр», «Сӯзи ишқ», «Дардҳои ниҳон», «Печутоби сарнавишт», «Муаммои зиндагӣ», «Нохалаф», «Тавбаи пеш аз марг»-ро мутолиа намоянд. Алҳол Мағфират Юсуфӣ дар идораи барномаҳои «Субҳ» -и радиои Тоҷикистон ба ҳайси муҳаррир фаъолият дорад. Маҳсули эҷодии шоираи ҷавон дар китобҳои «Гаҳворабони ғам» (маҷмӯаи шеърҳо 2003), «Ҳадиси тарбияти бузургсол» (баргардон аз ҳуруфи форсӣ 2004), «Гули ёс» (маҷмӯаи шеърҳо, Адиб -2005), «Дардҳои ниҳон» (қиссаю мусоҳибаҳо , 2006), «Фоли Ҳофиз» (баргардон аз ҳуруфи ниёгон ба хати кириллӣ, чопи нашриёти «Пайванд»- 2009), «Гӯётар аз садо» (маҷмӯаи шеъру ҳикояҳо, 2010) гирд омадааст.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






