Рӯзи чаҳонии фаъолият барои ҳифзи иқлими Тоҷикистон
Душанбе, 23 апрел. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – 5 май дар кишвару шаҳрҳои гуногуни ҷаҳон бахшида ба алоқаи мустақими байни сабабу оқибатҳои тағйири иқлими сайёра аввалин ҷамъомади экологии умумиҷаҳонӣ таҳти унвони «Рӯзи ҷаҳонии фаъолият» баргузор мешавад. Дар чаҳорчӯбаи ин тадбир дар Тоҷикистон 4 май конфронси созмонҳои ҷамъиятӣ аз рӯи масъалаҳои тағйири иқлим ва коҳиш додани осебпазирии аҳолӣ баргузор мегардад. Хотирнишон месозем, ки пиряхҳои Тоҷикистон 6 фоизи қаламрави кишварро ташкил дода ва дар ташаккули маҷрои дарёҳои кӯҳсор — манбаъҳои оби нӯшокӣ, мақоми хоса доранд. Бар асари сар аз соли 1930 тағйирёбии ҷаҳонии иқлим масоҳати умумии пиряхҳои ҷумҳурӣ сеяк кам гардид. Дар ин бора аз Маркази экологии ҷавонон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст






