«Рустамҷон ва Офтобхон» дар Эрон
Душанбе, 24 апрел. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Китоби афсонаҳои тоҷикӣ «Рустамҷон ва Офтобхон» аз ҷониби ду пажӯҳишгари эронӣ — Саиди Фозилиҷоҳ ва Роҳилаи Фозилиҷоҳ ба хатти форсӣ пешкаши хонандагон гардонида шуд. Қаблан китоби мазкур тавассути Ҳикмат Неъмат, адиби тоҷик дар нашриёти «Адиб» дар шаҳри Душанбе соли 1991 бо ҳуруфи сириллик чоп шуда буд. Акнун хонандагони эронӣ имкон доранд 10 афсонаи тоҷикиро бо номҳои «Духтари ҷасур», «Салим-паҳлавон», «Бои золим ва кали зирак», «Эраҷи девафкан», «Ҳафтдодарон», «Се бародар», «Баҳодур ва Заррина», «Баҳром ва Баҳман», «Ҷонон-коса» ва «Рустамҷон ва Офтобхон» ба забони форсӣ мутолиа намоянд. «Афсонаҳои тоҷикӣ баёнгари рӯҳ ва ормони мардуми тоҷик мебошанд»,- чунин навиштааст дар пешгуфтори китоб Шоҳмансури Шоҳмирзо,коршиноси фарҳангии умури Тоҷикистон дар Муассисаи фарҳангии ЭКО. Мавсуф дар бораи аҳамияти афсона дар адабиёту фарҳанги тоҷикон ва чопи онҳо барои хонандаи эронӣ изҳори назар намудааст. Китоби «Рустамҷон ва Офтобхон» бо теъдоди 1100 нусха бо мусоидати ду интишорот-«Муассисаи интишороти фалсафа» ва «Нақшу нигор» ба табъ расидааст. Дар китоб тасвирҳои аслии маҷмуае, ки қаблан дар Душанбе чоп шуда буд, гирд оварда шудаанд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






