Ш. Колер: «Мавҷудияти нерӯгоҳҳои хурду миёна на танҳо барои Тоҷикистон, ҳамчунин барои минтақа нақши муҳим дорад»
Душанбе, 6 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбари раёсати Агентии энергетикии Олмон Штефан Колерро ба ҳузур пазируфт.
Штефан Колер андешаҳояш аз ин мулоқотро ба хабарнигорон шарҳ дода, гуфт, ки: «Ба Ҷумҳурии шумо сафар намудам аз Ҷумҳурии Федорилии Олмон то боварӣ ҳосил намоям, ки сатҳи ҳамкориҳои мо дар бахши энергетика дар кадом поя қарор дорад». Вай афзуд, ки имрӯз ман имкон пайдо кардам аз НБО «Норак» дидан намоям ва ман бори дигар боварӣ ҳосил намудам, ки НБО «Норак» 40 сол мешавад, ки арзи ҳастӣ дорад ва ҳамчун сарчашмаи энергияи таҷдидшаванда фаъолият мекунад. «Маҳз ин масъала яке аз суҳбатҳои асосии мо бо ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон буд. Мавзӯи дигари суҳбати мо сохтани НБО «Роғун» буд. Ман аз ҷониби худ қавл додам, ки баъди ба Олмон баргаштанам барои сохта шудани он тарғиб хоҳам кард. Мавҷудияти чунин лоиҳаҳо на танҳо барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки минтақа ва Афғонистону Покистон низ аҳамияти хеле калон дорад», — тазаккур дод Ш. Колер.Ӯ зикр намуд, ки: «Мо барои сохта ба истифода додани нерӯгоҳҳои хурд низ сӯҳбат анҷом додем. Фикр мекунам мавҷудияти чунин нерӯгоҳҳои хурду миёна на танҳо барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин барои беҳтар намудани барқи минтақа нақши муҳим дорад».Мавриди зикр аст, ки Тоҷикистон имконияти ихтиро намудани барқи тозаро дорад, ки ин ҷолиб ва умдаи иқтисод ба ҳисоб рафта, ман аз ҷониби худ қавл медиҳам, ки баъди баргаштанам ба ватан бо ширкатҳои мухталифи Ҷумҳурии Федаралии Олмон сӯҳбат намуда, онҳоро барои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ташвиқу тарғиб хоҳам кард.Мавзӯи дигаре, ки мехостам қайд кунам ва он барои Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле муҳим аст ин таъмини кишвар бо гази табиӣ мебошад. Дар Ҷумҳурии Федералии Олмон алакай истиғроҷ ва истеҳсоли гази табиӣ ё био газ ба таври анъанави истиғроҷ мешавад. Афзалияти чунин барномаҳо ва лоҳияҳо аз он иборат аст, ки таҷҳизоте, ки дар Олмон истеҳсол карда мешавад барои истеҳсол намудани биогаз, ки аз боқимодаҳои мухталифи хӯрока ва дигар партовҳо метавонан истеҳсол намуд, истифода кард. Чи тавре, ки гуфтам технологияҳои муосире, ки аз партовҳо метавонанд биогаз истеҳсол мекунанд, маҳсулоташон аз гази табиӣ ҳеҷ камӣ надорад. Аз ин рӯ, мо муштаракан дар оянда имконияти амалӣ намудани чунин таҷҳизот дар Тоҷикистонро дида мебароем. «Мавзӯи дигаре, ки мо баррасӣ намудем ин истеҳсоли лампаҳои каммасраф ё таҷҳизоте, ки бо қувваи ками барқ самараи бештаре доранд. Ман тасмим дорам дар Олмон бо он ширкатҳое суҳбат анҷом диҳам, ки истеҳсоли лампаҳои каммасрафро дар Тоҷикистон ба роҳ монанд», — мӯътақид аст Ш. Колер.«Ба таври хулоса гуфтаниям, ки суҳбати хеле пурмӯҳтаво буд, мо дар бораи дурнамои ҳамкориҳои ду кишвар суҳбати хеле муфассал доштем ва дар мисоли баъзе лоиҳаҳое, ки мо дар ин кишвар татбиқ хоҳем кард самаранок будани ҳамкории худро бори дигар санҷида мебароем. Ман ба Президенти Шумо қавл додам, ки пас аз баргаштанам ба Олмон дар сатҳи сиёсӣ бунёди НБО «Роғун»-ро ҷонибдорӣ менамоям», — гуфт дар хотима Ш. Колер.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад






