Штефан Колер: «Маро сафири энергетикии Тоҷикистон дар Олмон бишуморед»
Душанбе, 6 апрел. (АМИТ «Ховар»). — Имрўз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон роҳбари раёсати Агентии энергетикии Олмон Штефан Колерро ба ҳузур пазируфт.Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд. «Мо Ҷумҳурии Федеративии Олмонро яке аз шарикони асосии худ дар Аврупо медонем», — изҳор дошт зимни суҳбат Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Тавре зикр гардид, ҳамшарикии Тоҷикистону Олмон, асосан дар сатҳи ҳамкорӣ бо мақсади таъмини рушди устувор сурат гирифта, соҳаи ҳаётан муҳими энергетикаро низ фаро гирифтааст.Штефан Колер аз мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибкорони Олмон ки моҳи декабри соли 2011 дар Берлин сурат гирифта буд ва он вақт ба имзо расидани Ёддошти тафоҳум доир ба ҳамкории дуҷониба дар соҳаи энергетика ёдовар шуда, бори дигар таъкид днамуд, ки «азми Агентии энергетикии Олмон ба густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон устувор аст». Штефан Колер изҳор дошт: «баъди боздиди имрўза аз нерўгоҳи Норак андешаи ман дар бораи аҳамияти бузурги нерўгоҳи Роѓун, ки дар шароити монанд ба мавзеи Норак бунёд меёбад, боз ҳам қавӣ гардид ва ман минбаъд ширкатҳои олмониро ба иштирок дар татбиқи ин лоиҳа тарѓиб хоҳам кард». Гузашта аз ин, ў таъкид дошт, ки «минбаъд мардуми Тоҷикистон метавонанд маро сафири энергетикии давлати худ дар Олмон бишуморанд».Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҷониби Олмон барои дастгирӣ ва мусоидат ба навсозии техникии иншооти гидроэнергетикӣ ва сохтмони нерўгоҳҳои обию барқии хурд дар Тоҷикистон арзи сипос намуда, изҳори боварӣ намуд, ки минбаъд чунин ҳамкорӣ тавсиа хоҳад ёфт.Гуфтугўи судманд, ҳамчунин доир ба идомаи бунёди нерўгоҳҳои хурду миёнаи барқӣ, ташкили ҳамкорӣ дар самти истихроҷи нафту газ, истеҳсоли биогаз ва таҷҳизоти каммасрафи барқӣ сурат гирифт. Таъкид гардид, ки густариши ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар соҳаи энергетика ба нафъи ҳарду давлат буда, ба рушди иқтисодӣ ва таҳкими амнияту суботи минтақавӣ низ мусоидат мекунад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






