«Талоқи Нодира ва Симин» дар Осорхонаи З.Шаҳидӣ
Душанбе, 24 апрел. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Имрӯз, 24 апрел, дар Осорхонаи ҷумҳуриявии фарҳанги мусиқии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ нахустнамоиши филми эронии «Талоқи Нодира ва Симин» баргузор мешавад. Ин филм дар бахши «Филми беҳтарини хориҷӣ» сазовори мукофоти «Оскар» гаштааст. Филмро коргардони эронӣ Асғар Фарҳодӣ ба навор гирифта, дар он аз ҳаёти зану шавҳаре нақл карда мешавад, ки мураккабиҳои қонуни диндорӣ дар Эронро дарк карданӣ мешаванд. Филми мазкур соли гузашта бори нахуст дар Кинофестивали байналмилалии «Берлинал» дар шаҳри Берлини Олмон намоиш дода шуда буд.Дар ин бора директори осорхона Мунира Шаҳидӣ ба АМИТ «Ховар» хабар дод.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






