Вуруди молҳои пастсифат пешгирӣ шуд

Апрель 26, 2012 10:18

Душанбе, 26 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Дар семоҳаи аввали соли 2012 мақомоти гумрук дар якҷоягӣ бо мақомоти дахлдори давлатӣ баҳри иҷрои вазифаи асосии худ, яъне таъмини амнияти иқтисодии кишвар як қатор ҳолатҳои интиқоли молҳои пастсифатро ба қайд гирифтанд.Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ хабар доданд, дар ин давра мақомоти гумрук дар якҷоягӣ бо Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ пеши роҳи воридоти маҳсулоти қаннодиро ба миқдори 16 430 кг ва ба маблағи 14 787 доллари ИМА аз Ҷумҳурии Туркия, ки тавассути Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд интиқол ёфтааст, гирифтанд. Сабаби ба муомилот иҷозат надодани ин маҳсулоти қаннодӣ пастсифат ва ба стандарти давлатӣ мутобиқ набудани он буд, ки ҳангоми ташхис муайян шудааст. Маҳсулоти мазкур нобуд карда шуд. Ҳамчунин мақомоти гумрук дар якҷоягӣ бо Агентии мазкур пеши роҳи воридоти сигарет ба миқдори 3 ҳазор кг (2500000 дона) ва ба маблағи 20 ҳазор 000 доллари ИМА аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро, ки тавассути Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон интиқол гардида буд, гирифтанд. Сабаби ба муомилот иҷозат надодани сигарет ба меъёр ҷавобгў набудани он мебошад. Моли мазкур «реэкспорт» карда шуд. Гайр аз ин мақомоти гумрук дар якҷоягӣ бо Маркази назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ ва тиббӣ пеши роҳи воридоти маводи доруворӣ ба миқдори 220 кг. ва ба маблағи 2ҳазору 006 доллари ИМА аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро, ки тавассути дидбонгоҳи гумрукии «Панҷи Поён»-и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон интиқол гардида буд, гирифтанд. Ин маҳсулоти фармасевтӣ ва тиббӣ низ ба меъёрҳо ҷавобгў набуд вамоли мазкур «реэкспорт» карда шуд. Ҳамагӣ дар ҷумҳурӣ дар семоҳаи аввали соли 2012 ба миқдори 20 ҳазору 509 кг ё ба маблағи 37 ҳазору 395 доллари ИМА моли пастсифат боздошта шуда, 16 ҳазору 430 кг-и он ба маблағи 14 ҳазору 787 доллари ИМА нобуд ва миқдори 4 ҳазору 079 кг ё ба маблағи 22 ҳазору 608 доллари ИМА реэкспорт карда шуд.

Апрель 26, 2012 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст