Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Апрель 5, 2012 10:35

Душанбе, 4 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- 3 апрели солӣ ҷорӣ дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати «Гиговатт Глобал» вохӯрӣ баргузор гардида, байни Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Гиговатт Глобал» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид. Ёддошти тафоҳум аз тарафи вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ ва Президенти ширкати «Гиговатт Глобал» Ҷозеф Абрамович имзо шуд. Мутобиқи санади мазкур дар самтҳои ҷалби сармоя, лоиҳакашӣ, бунёд ва истифодаи нерӯгоҳҳои офтобӣ дар ҷумҳурӣ ҳамкориҳо ба роҳ монда мешавад. Дар навбати аввал ҳамчун лоиҳаи таҷрибавӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷҳизоти барқи офтобӣ бо иқтидори 10 мВт насб карда мешавад ва минбаъд сохтмони онҳо дар минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ дар назар дошта шудааст.

Апрель 5, 2012 10:35

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад