Ҳафтаномаҳоро аз дўконҳои зеризаминӣ пайдо намоед
Душанбе, 8 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Минбаъд як қатор нашрияҳои мустақил, амсоли «Вечерний Душанбе», «Вечёрка», «Озодагон», «Фараж», «СССР», «Тоҷикистон» ва «Азия-Плюс» дар дўконҳои гузаргоҳҳои зеризаминии назди «Олами китоб» ва меҳмонсаройи «Пойтахт» ба фурўш гузошта мешаванд. Шавкат Саидов, котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки шаҳрдории Душанбе ин тадбирро бо мақсади баланд бардоштани фарҳанги шаҳрдорию шаҳрнишинӣ, беҳдошти вазъи санитарӣ, сатҳи хизматрасонӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои дастрасӣ ба рўзномаю маҷалла ва дигар маводи чопӣ андешидааст. Дўконҳо дар шакли иҷора ба масъулини нашрияҳо супорида мешаванд. Ҳамзамон интизор меравад, ки то охири сол дар ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт боз 24 адад маркази дуошёна барои фурўши маводи моддиву маънавӣ, хусусан рўзномаю маҷаллаҳо аз ҳисоби буҷаи шаҳр ба истифода дода шаванд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






