Ҳаракати нақлиёт дар бархе хатсайрҳо тағйир меёбад

Май 4, 2012 16:15

Душанбе, 4 май. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Шурӯъ аз 5 майи соли равон корҳои сохтмонии гузаргоҳи зеризаминӣ дар кӯчаи Неъмат Қарабоеви пойтахт оғоз мегардад. Дар робита ба ин раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар бораи чораҳои таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт дар кӯчаи Н.Қарабоев (аз бурриши кӯчаи Ҷомӣ то бурриши кӯчаҳои Қосимов ва Ҷанубӣ) ва кӯчаи Фирдавсӣ (аз бурриши кӯчаи Қосимов то роҳи соҳилии дарёи Душанбе) қарори марбута қабул намуд. Дар асоси ин қарор бо сабаби гузаронидани корҳои сохтмонӣ вобаста ба бунёди гузаргоҳи зеризаминӣ дар кӯчаи Неъмат Қарабоев аз 5 май то 27 августи соли 2012 ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт манъ карда мешавад. Дар робита ба ин Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон» (Шералиев А.Б.), шӯъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе (Тӯрахонов С.Ч.) ва Раёсати хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти шаҳри Душанбе (Каримов Ф.А.) вазифадор гардидаанд, ки самти ҳаракати нақлиёти мусофирбарро тавассути кӯчаҳои Ҷанубӣ, Қосимов, Ҷомӣ ва роҳи соҳили дарёи Душанбе муайян намуда, дар нақшаҳои хатсайри воситаҳои нақлиёти мусофирбар тағйирот ворид намоянд. Тибқи иттилои Зиёратшо Хушов, муовини сардори шӯъбаи бозрасии давлатии автомобилии Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе ронандагони воситаҳои нақлиёт имкон доранд тавассути кӯчаи Соҳилӣ, Маркази савдои «Мардон», чорроҳаи Борбад- Ҷомӣ ва Борбад –Фирдавсӣ, баъдан «Саховат» ҳаракат намоянд.

Май 4, 2012 16:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад