Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Қазоқистон» 10 – сола шуд
Душанбе, 29 май. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинана). – Дар Вазорати фарҳанги ҶТ бахшида ба 10 – солагии Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон — Қазоқистон» мизи мудаввар баргузор гардид. Сафири Ҷумҳурии Қазоқистон дар Тоҷикистон Оғибой Смагулов, раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон — Қазоқистон», раиси Ассосиатсияи хатмкунандагони Донишгоҳи миллии Қазоқистон ба номи Ал — Фаробӣ дар ҶТ Абдусаттор Нуралиев, намояндагони Ҷамъияти дӯстӣ ва ҳамкории фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ аз фаъолияти ин созмони ҷамъиятӣ нақл карданд.Мувофиқи суханони Абдусаттор Нуралиев, тайи 10 сол ба туфайли кори фаъолонаи аъзои созмон ва раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва ҳамкории фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ ҷамъияти мазкур ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Дар ин муддат маҳфилҳои адабӣ таҳти унвони «Абай ва Айнӣ», муаррифии тарҷумаи «Пандҳо» — и Абай Қунонбоев ба забони тоҷикӣ роҳандозӣ шуда, якҷоя бо Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон чор фестивали филмҳои Қазоқистон доир гардид.Ҳамчунин зикр шуд, ки бо ибтикори Ҷамъияти «Тоҷикистон — Қазоқистон» ва маъмурияти шаҳри Қӯрғонтеппа ба яке аз кӯчаҳое, ки дар он қазоқҳо зиндагӣ мекунанд, номи «Қазоқон» дода шуд. Алҳол аъзои ҷамъият ба таҳияи китобҳои дарсии мактабҳои тоҷикии Қазоқистон машғуланд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






