Ба «Ҷашни хушнудӣ» шитобед!

Май 31, 2012 10:27

Душанбе, 31 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Шоми имрўз аз соати 18.00 то 21.00 дар «Боғи пойтахт» ба таври ройгон амалиёти «Ҷашни хушнудӣ» барои кўдакони осебпазир гузаронида мешавад. Ин тадбир бахшида ба Рўзи байналмилалии муҳофизати кўдакон, ки ҳамасола 1 июн таҷлил мегардад, андешида шудааст. Чорабинии мазкур дар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев доир шуда, ҳадафаш татбиқи барномаҳои иҷтимоии пойтахт дар самти ҳимояи ҳуқуқи кўдакон ва ноболиғон, роҳандозии дастгириҳои моддиву маънавии онҳо мебошад. Дар асоси қарори мазкур Раёсатҳои маориф ва тандурустии пойтахт дар ҳамкорӣ бо идораи рўзномаи «Вечёрка» 31 майи соли 2012 дар Муассисаи давлатии «Боғи пойтахт» барои кўдакони мактаб-интернатҳо ва гирифторони бемории аутизм амалиёти «Ҷашни хушнудӣ»-ро мегузаронанд. Чорабинӣ бо фейрверк анҷом меёбад. Дар робита ба ин ба директори Муассисаи давлатии «Боғи пойтахт» супориш дода шудааст, ки бо мақсади таъмини истироҳату фароғати осудаи кўдакони осебпазир шоми 31 май аз соати 1800 то 2100 воридшавии дигар шаҳрвандонро ба ин боғ муваққатан маҳдуд намояд.

Май 31, 2012 10:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Дар Хоруғ маркази савдои муосир ба истифода дода шуд
Дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст
Дар Суғд даври вилоятии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми ҷавонони Осиё Марказӣ дар Ашқобод иштирок намуд
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Китоби «Садриддин Айнӣ. Феҳристи адабиёт» рӯнамоӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
«МегаФон Тоҷикистон» шабакаро ба суръатҳои нави гигабитӣ омода менамояд
Бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Пенза ҳамоиш доир шуд
«ИСТИҚЛОЛ-НЕЪМАТИ БЕБАҲО». Дар ин мавзуъ дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ конференсияи илмӣ доир гардид