Бар асари ҳолатҳои фавқулодда 14 кас ҳалок гардид
Душанбе, 2 май. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Бар асари боришоти шадид ва омадани сел моҳҳои гузашта дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 4 нафар ҳалок гардид. Дар ин бора аз маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.Мувофиқи маълумоти манбаъ, аз оғози соли ҷорӣ бар асари омадани сел, фуромадани тарма ва афтидани санг дар ҷумҳурӣ 14 нафар ҳалок шудааст.Ҳамзамон Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ хабари баъзе васоити ахбори оммаро дар мавриди бар асари обхезӣ дар як қатор ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ҳалок гардидани 4 нафар рад намуд. Тавре манбаъ изҳор дошт, шабонарӯзҳои гузашта бар асари омадани сел дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон 65 хонавода осеб дидааст. Ғайр аз ин аз офати табиӣ 400 метр роҳи ноҳияи Спитамен ва бисёр сохтмонҳои ноҳияи Ваҳдат зарар дидаанд.Алҳол комиссияи махсус дар маҳалҳо зарари офати табииро арзёбӣ менамояд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






