Баррасии ҳамкориҳо бо намояндагони ширкати покистонӣ
Душанбе, 11 май. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Имрӯз дар Душанбе вохӯрии вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Шариф Раҳимзода бо Директори идоракунандаи ширкати LAFARGE PAKISTAN CEMENT INDUSTRY Раҳмат Хон ва намояндагони масъули ширкати мазкур доир гардид. Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдо иттилоъ доданд, ки дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо аз шароити мусоиди сармоягузорӣ, дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат ҷиҳати рушди бахши хусусӣ ва бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ изҳори хушнудӣ намуданд. Дар интиҳои чорабинӣ масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн баррасӣ гардиданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






