Бозиҳои даври 7-уми футбол дар Лигаи олӣ
Душанбе,21 май. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Дар дидорҳои даври 7-уми чемпионати мамлакат, ки рӯзҳои истироҳат барпо гардиданд, чор бозӣ ба нафъи мизбонон, як бозии дигар ба фоидаи меҳмонон ва як дидор мусовӣ ҷамъбаст шуд. «Энергетик» «Ҳосилот»-ро бо ҳисоби 4 бар 0, (Габриэл Донто, 55 , Самад Шоҳзуҳуров, 69 , Габриэл Донто, 75, Шодибек Ғаффоров, 90), «Регар-ТадАЗ» «Хуҷанд» -ро бо натиҷаи 2 бар 0 ( Комил Саидов, 41, Баҳодур Шарипов, 55, пеналтӣ), «Парвоз» «Хайр» — ро 5:2 (Асадулло Бобоҷонов, 28 , Мансур Ҳакимов, 34 , Мирзобек Мирзоев, 35 , Мансур Ҳакимов, 51 , Мирзобек Мирзоев, 76 , Мансур Ҳакимов, 85 ,Манучеҳр Ҳасанов, 89,«Вахш» «Зарафшон» -ро бо ҳисоби 4 бар 0 (Тоҳир Зоиров, 8 ,. Бахтиёр Қаландаров, 11 , Тоҷиддин Абдураҳмонов, 76 , Комрони Мирзохон, 83) ба шикаст рӯ ба рӯ карданд. Танҳо «Равшан» «Гвардия» -ро маҷбур кард, ки дар майдони худ бо ҳисоби калони 0 бар 4 таслим шавад. Голҳоро Нӯъмон Ҳакимов(9), Бахтиёр Ҳасанов, (11), Ҳасан Рустамов,(25) ва Фаррухи Ҷӯрахон,(90) ба нишон расониданд. ССКА «Помир» дар ҳузури президенти ФФТ Рустами Эмомалӣ қариб бозиро ба «Истаравшан» бохта буд, вале ба голи задаи Илҳом Баротов дар дақиқаи 64-ум Далер Раҷабов дар вақти иловашудаи бозӣ (90+3) ҷавоб дода, бозиро мусовӣ кард. Ҳамин тавр, баъди даври 7-ум ҳамоно «Равшан (18) ва «Регар- ТадАЗ» (16) дар зинаҳои авваланд. Дар ҷои севвум «Вахш» қарор дорад.








Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ






