Дар вилояти Кемерово урдугоҳи фарзандони муҳоҷирон кушода мешавад
Душанбе, 30 май. (АМИТ «Ховар»). – Моҳи июн дар шаҳрҳои калонтарини вилояти Кемерово – Новокузнетск ва Кемерово урдугоҳи минтақавии забономӯзии фарзандони муҷирон бо номи «Турнаи сафед» ба кор шурӯъ мекунад. Ин лоиҳаро Академияи давлатии омӯзгории Кузбасс якҷоя бо раёсати фарҳанг ва сиёсати миллии вилоят тарҳрезӣ намудааст.Тавре ки дафтари матбуоти Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон бо истинод ба дафтари матбуоти маъмурияти вилояти Кемерово хабар медиҳад, дар ин урдугоҳ фарзандони муҳоҷирони Тоҷикистон, Арманистон, Озарбойҷон, Ӯзбекистон, ҳамчунин фарзандони лӯлиҳо истироҳат мекунанд. Дар кори урдугоҳи «Турнаи сафед» омӯзгорони баландихтисоси мактабҳо фаъолона иштирок мекунанд. Мақсади урдугоҳи забономӯзӣ иборат аз ташкили машғулиятҳо аз рӯи забони русӣ ва роҳандозӣ намудани тадбирҳои фарҳангию маърифатӣ байни кӯдакону наврасони миллатҳои гуногун мебошад. Раванди таълим иборат аз машғулият аз рӯи мусиқӣ, эҷодиёти халқӣ ва бозиҳои варзишӣ мебошад. Барои истироҳаткунандагони урдугоҳ барномаи фарҳангӣ аз қабили тамошои шаҳр, осорхонаҳо, театр, китобхонаҳо ва ғайра таҳия гардидааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






