Дастаи зудамали милитсия аз ӯҳдаи вазифаҳояш мебарояд
Душанбе, 22 май. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал–лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов бо фаъолияти кормандони Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккилонаи ВКД ошно гардида, бо ҳайати шахсии раёсат мулоқоти судманд доир намуд.Зимни вохӯрӣ дастаи зудамали милитсияи Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккилонаи ВКД, аз омодагии ҳамаҷонибаи худ дар муҳорибаҳои тан ба тан, безараргардонии гурӯҳҳои террористӣ, мубориза бо гурӯҳҳои муташаккилонаи ҷинояткор, ҷиноятҳои вобаста ба муомилоти ғайриқонунии моддаҳои нашъадор машқҳои махсуси тактикиву ҷангӣ нишон доданд, ки ба иҷрои он вазири корҳои дохилӣ баҳои баланд дод.Рамазон Раҳимов зикр кард, ки дастаи зудамали милитсияи Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккилонаи Вазорати корҳои дохилӣ аз воҳидҳои навтаъсис, вале хеле пурқуввати ВКД ба шумор рафта, дар бисёр амалиёти безараргардонии гурӯҳҳои террористӣ иштирок карда ва исбот намудааст, ки дар ҳама ҳолат аз ӯҳдаи вазифаҳои дар наздаш гузошташуда сарбаландона баромада метавонад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






