Дастурдиии омӯзишӣ оид ба истифодабарии барномаи CensusInfo дар Тоҷикистон

Май 18, 2012 11:16

Душанбе, 18 май. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Аз 14 то 18 май соли равон дар Агентии омор дастурдиҳии омӯзишӣ оид ба технологияи CensusInfo, ки аз тарафи шӯъбаи омори СММ, Хазинаи кӯдакони СММ ва Хазинаи нуфуси СММ бо мақсади дастгирии усули паҳнсозии иттилооти саршумори аҳолӣ бо истифодаи Интернет ва CD баргузор гардид.  Аз рӯи иттилоъи Агентии омори назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзиши мазкур дар чорчӯбаи ташаббуси Глобалии ворид намудани СensusInfo аз тарафи шӯъбаи омори СММ, Хазинаи кӯдакони СММ ва Хазинаи нуфуси СММ ташкил карда шуд. Намояндагии Хазинаи нуфуси аҳолии СММ дар Тоҷикистон барои мутахассисони Агентии омор дар бораи гузаронидани дастурдиҳӣ бо дастгирии молиявии иловагӣ пешниҳод намуд. Оид ба гузаронидани дастурдиҳӣ дар бораи СensusInfo байни Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва доктор Пол Чанг, Директори шӯъбаи омори СММ дар иҷлосияи 43-юми Комиссияи омори СММ, ки моҳи феврали соли 2012 дар НюЙорк баргузор гардид, гуфтушунид барпо шуда буд.Семинари мазкурро Ян Бейсе аз шӯъбаи омори СММ дар НюЙорк ва Камал Кумар Гаур аз гурӯҳи дастгирии DevInfo, Ню Дели, Ҳиндустон гузарониданд. Мақсади дастурдиҳӣ баланд бардоштани малакаи техникии зарурии кормандони агентӣ дар истифодаи технологияи CensusInfo барои паҳнкунии маълумотҳои барӯйхатгирии соли 2010 ва истифодабарии маълумотҳо барои банақшагирӣ ва қабули қарорҳо, ки бо далелҳо асоснок мешаванд, ба ҳисоб меравад.

Май 18, 2012 11:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Китоби «Садриддин Айнӣ. Феҳристи адабиёт» рӯнамоӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
«МегаФон Тоҷикистон» шабакаро ба суръатҳои нави гигабитӣ омода менамояд
Бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Пенза ҳамоиш доир шуд
«ИСТИҚЛОЛ-НЕЪМАТИ БЕБАҲО». Дар ин мавзуъ дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ конференсияи илмӣ доир гардид
Донорҳо аз Бунёди Lives & Livelihoods дастовардҳо дар соҳаи ҳифзи саломатии модар ва кӯдакро дар Тоҷикистон таҷлил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Истиқлоли давлатӣ — асоси хушбахтӣ ва рушди давлатдории миллӣ
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Нақши занони тоҷик дар таҳкими давлатдории миллӣ назаррас аст