Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи вакилони Парлумони Аврупоро пазируфт
Душанбе, 4 май. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).-Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи вакилони Парлумони Аврупо доир ба кор бо кишварҳои Осиёи Марказиро бо сарварии Раиси гурӯҳ Паоло Бартолотси ба ҳузур пазируфт.Раиси гурӯҳи вакилони Парлумони Аврупо доир ба кор бо кишварҳои Осиёи Марказӣ Паоло Бартолотси андешаҳояшро ба хабарнигорон баён карда гуфт: «Мақсади асосии сафари мо- ин боз ҳам мустаҳкам намудани ҳамкориҳои байнипарлумонии Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон мебошад. Мустаҳкам намудани ҳамкориҳои мо дар доираи созишнома доир ба ҳамшарикӣ ва ҳамкориҳои байнипарлумонӣ мебошад, ки мо бо парлумони Тоҷикистон ба имзо расонидем. Дар доираи ин созишнома як қатор лоиҳаҳое, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо тасдиқи худро ёфтаанд, аз ҷумла дар робита ба ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва ҳамчунин он самтҳои ҳамкорие, ки барои рушди демократия ва ҳуқуқи инсон равона шудаанд. Мо ин масоилро дар ҷаласаи пленарии байнипарлумонӣ боз ҳам дида мебароем. Пеш аз ҳама Иттиҳоди Аврупо ба масъалаи мӯътадилии вазъи минтақаи кишвари шумо, асосан ба масоили Афғонистон таваҷҷӯҳи хосса медиҳад». Мавсуф ҳамчунин зикр намуд: «мо ба он назарем, ки саҳми Тоҷикистон дар мӯътадилсозии вазъи минтақа хеле назаррас ва ҳатто калидӣ мебошад ва ба он умед мебандем, ки ин дар амал тасдиқи худро меёбад. Дар доираи созишномаи имзошуда доир ба ҳамшарикӣ ва ҳамкории байнипарлумонӣ Иттиҳоди Аврупо ҳамасола ба ҷониби Тоҷикистон маблағи 20 миллион евро барои рушди иқтисод ёрӣ медиҳад». «Мо ҳамчунин кӯмаки худро дар самти омӯзиши мутахассисон, аз ҷумла мутахассисони маъмурӣ ба Тоҷикистон мерасонем. Ин лоиҳа аллакай омода аст ва умедворам, ки ин дар доираи созишномаи мазкур амалӣ хоҳад шуд»,- зикр намуд дар охир Паоло Бартолотси.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






